Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Санаи 9-уми майи соли равон ба ғалабаи бузурги халқи сулҳпарвару тараққихоҳи олам бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду ҳафт сол пур мешавад. Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони вилоятро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо фазои орому осуда, хотирҷамъӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми таркибии он ба ҳисоб меравад, яке аз даҳшатноктарин ҷангҳо дар таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, паёмадҳои фоҷеабори он то имрӯз дар вуҷуди мардуми олам боқӣ мондааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ваҳдату ҳамдастии мардуми олам дар таъмини ин Ғалабаи таърихӣ, ки ба ҳифзи озодӣ ва истиқлоли инсоният нигаронида шудааст, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Қобили зикр аст, ки Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад».

Мо аз он ифтихор дорем, ки дар ин Ғалабаи оламшумул ҳиссаи ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистони азиз низ ниҳоят бузург мебошад. Зеро дар набардҳои шадиди ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон шуҷоату ҷавонмардӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудаанд.

Халқи тоҷик номи нек ва корномаи бузурги фарзандони диловари хешро ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад кард, зеро қаҳрамониҳои бемисли онон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Дар шароити вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз, ки оромию осоиштагии мардуми сайёра вобаста ба таҳдиди терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб халалдор шуда истодааст, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Итминони комил дорем, ки ҷавонони далеру ватандӯсти мо аз мактаби шуҷоату мардонагии падару бобоёни қаҳрамон сабақи зиндагӣ бардошта, бо эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва сулҳпарвариву башардустӣ барои пойдории сулҳу субот, рӯзгори орому осуда, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои созандаи халқу миллатҳои гуногун талош меварзанд.

Бо чунин таманниёт, бори дигар, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу субот, осоиш ва файзу баракат таманно менамоям.

Рӯзи Ғалаба муборак бошад!