Кулли мардуми сарбаланди вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр, ки саршор аз файзу баракат ва ифодакунандаи арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат мебошад, самимона табрику муборакбод менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Иди саиди Фитр ҳамасола дар рӯҳияи идона таҷлил мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак изҳори андеша намуда, аз ҷумла таъкид намуданд:“Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад”.
Барҳақ, дар ин моҳи муборак ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, анҷом додани корҳои нек, аз ҷумла хайру саховат, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва камбизоату муҳтоҷон аз сифатҳои хубу инсондӯстонаи ҳар як фарди некхоҳу некандеш маҳсуб меёбад.
Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат зикр мекунанд, ислом дини адолату инсоф буда, ҳама гуна кирдорҳои зишт, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум намуда, бархилофи зуҳуроти манфии таҳдиду хатарҳои муосир инсонро ба сулҳу осоиш, касби ризқи ҳалол, ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда раҳнамоӣ мекунад.
Боиси таъкид аст, ки солҳои охир дар заминаи сиёсати давлату Ҳукумат таваҷҷӯҳи соҳибкорону ашхоси боҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон зиёд гардида, инчунин корҳои созандагию ободонӣ, аз қабили бунёди боғу токзор, марказҳои хизматрасонӣ, кашидани хаттҳои оби нӯшокӣ, таъмиру тармими мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, беморхона, китобхона, роҳу пулҳо ба анъанаи нек мубаддал гардидааст. Чунин ташаббусҳои инсондӯстона ва иқдомҳои ватандӯстонаи шаҳрвандон ва соҳибкорон қобили таҳсин ва шоистаи дастгирӣ буда, бешубҳа барои ободии кишвари азизамон Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар шароити нооромии авзои дунёи имрӯза сокинони вилоятро зарур аст, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ софдилонаву аҳлона заҳмат кашида, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд ва дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд. Дар баробари ин, ҳангоми баргузор намудани маросиму маъракаҳо аз оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона худдорӣ намуда, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, “ҳама гуна арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода баранд”.
Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи вилоят минбаъд низ баҳри рушду шукуфоӣ ва ободии Ватани маҳбубамон заҳмат кашида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат бештар талош меварзанд.
Бо ҳамин таманниёти нек, бори дигар, ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол сиҳату саломатӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!