Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли мардуми шарафманди вилоятро ба муносибати фарорасии яке аз саҳифаҳои пур аз ифтихору фаромӯшнопазири таърих – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз таҳти дил табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон оромию осудагӣ, хушбахтӣ ва дар Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона таманно менамоем.

Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият ҳам аз лиҳози миқёс ва ҳам аз дидгоҳи фоҷиаи инсонӣ яке аз даҳшатноктарин ҷангҳои олам ба ҳисоб меравад, зеро дар ин ҷанг зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби набардҳои хунин кашида шуда, беш аз 55 миллион нафар одамон қурбон ва даҳҳо ҳазор шаҳри хурду бузург ба хок яксон гардиданд.
Барои расидан ба Ғалабаи бузург дар баробари дигар халқу миллатҳо, ки алайҳи фашистони истилогар шуҷоатмандона мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзанда гузоштаанд. Тибқи маълумоти дастрас дар замоне, ки аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ якуним миллион нафарро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар бо амри дил ба майдони ҷанг фиристода шуда, барои ҷасорату қаҳрамонӣ 58 ҳазор нафар бо ордену медал ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сарфароз гардонида шудаанд.
Ҷасорату диловарӣ ва корномаҳои падарони қаҳрамон дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва онҳое, ки дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватан сарбаландона ҷони хешро нисор карданд, бояд барои ҳар як шаҳрванди кишвар намунаи ибрату пайравӣ бошад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем».
Ҷавонони даврони истиқлол ҳамчун давомдиҳандагони кору пайкори гузаштаи бошараф хеш бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки фазои орому осудаи имрӯза ба ивази талафоти бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳифзу ҳимояи он вазифаи пурифтихор мебошад.
Махсусан, дар замони имрӯза, ки дар гӯшаю канорҳои мухталифи олам оташи ҷангу хунрезиҳо боз ҳам бештар доман паҳн карданӣ мешавад, шинохти қадри тинҷию осудагӣ ва оромӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст. Бинобар ин, мо бояд бо шукргузорӣ аз Ватани маҳбуб дар атрофи ғояҳои созандаву пешбарандаи давлату Ҳукумат муттаҳид гардида, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда гузорем.
Бо чунин таманниёт, бори дигар, иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори 81-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, умри дароз, дастархони пур аз нозу неъмат ва осмони софу беғубор орзу менамоям.
Иди Ғалаба муборак бошад!