
Соли дуюм мешавад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 7 май Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи кормандон ва собиқадорони ин соҳаҳоро табрику муборакбод мегӯям.
Имрӯзҳо Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардид, ки он аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Пайгирона вусъат бахшидани ислоҳоти рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи бошандагони мамлакат яке аз вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб ёфта, ин сиёсат имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят роҳандозӣ шуда истодааст.
Самараи талошҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо дар кишвари маҳбубамон фазои сулҳу оромӣ танинандоз буда, мардуми куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни ҳумоюнии миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонию кабудизоркунӣ камари ҳиммат бастааст.
Дар замони муосир фазои иттилоотӣ чун воситаи муҳими тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, амалӣ намудани нуқтаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат оид ба таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани арзиши он барои рушди телевизион, радио, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологию инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Итминони комил дорам, ки дар ин асно кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқаи кишвар бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ, хешшиносию худогоҳӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи амал қарор дода, минбаъд фаъолияти худро тақвият мебахшанд ва дар ободонию шукуфоии кишвари азизамон ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Бо чунин орзуву ниятҳои нек, бори дигар кулли кормандони соҳаҳои муҳим ва ҳамаи алоқамандони ин ҷодаро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои эҷодӣ таманно дорам.




