Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кормандони мақомоти прокуратураро бо иди касбиашон табрик намуд

14 март ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура дар толори Прокуратураи вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кормандони мақомоти прокуратураро бо иди касбиашон табрик гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти прокуратура дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо ва таъмини суботу оромии ҷомеа нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки фаъолияти содиқона ва масъулиятшиносонаи кормандони прокуратура барои ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа ва таъмини адолати иҷтимоӣ аҳамияти хос дорад.

Раиси вилоят саҳми кормандони мақомоти прокуратураро дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат, мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими қонуният ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти софдилона ва хизматҳои содиқона изҳори сипос кард.
Қайд гардид, ки мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини рушди устувори ҷомеа пайваста саҳмгузор мебошанд.
Дар фарҷоми сухан Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамаи кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратураро бо иди касбиашон самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулияташон комёбиҳои нав орзу кард.
Ба як қатор кормандони мақомоти прокуратура сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.