Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон саломативу хотирҷамъӣ, рӯзгори орому осуда, саодати зиндагӣ ва дастархони пур аз нозу неъмат таманно менамоям.
Дар моҳи шарифи Рамазон, ки айёми файзу баракат, хайру саховат, сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва бахшиши гуноҳҳо мебошад, сокинони вилоят дар қатори тамоми мардуми Ватани маҳбубамон бо риояи суннату анъанаи гузаштагон амалҳои неку шоистаро боз ҳам густариш бахшиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намудаанд: “Парҳезгорӣ, саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавон имкон кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд”.
Боиси хурсандинист, ки имсол Иди саиди Фитр дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — Наврӯзи оламафрӯз, ки бо ташаббус ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифт, таҷлил мегардад. Суннатҳои неки ин ҷашни бузурги миллӣ, аз ҷумла бо рӯҳияи баланд вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, тозаву озода намудани маҳалли зист, сарсабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо, сарҷамъу муттаҳид намудани мардум ва ба ин васила ҳисса гузоштан дар ободиву зебоии Ватани биҳиштосоямон амалҳои хайре мебошанд, ки дар таълимоти дини мубини ислом низ савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст.
Имрӯзҳо мардуми кишвар ба истиқболи ҷашни ҳумоюни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои халқи тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ мебошад, ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар кишвари азизамон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шуд. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми моро зарур аст, ки бо истифода аз баракати рӯзҳои баҳорӣ мардумро ба меҳнатдӯстӣ, ободкорӣ, эҳтироми суннатҳои миллӣ, иҷрои саривақтиву босифати корҳои кишоварзӣ ва самаранок истифода бурдани обу замин ҳидоят намоем ва ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузорем.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар, Иди саиди Фитр ва фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба сокинони вилоят табрик гуфта, ба Тоҷикистони маҳбубамон тинҷию осудагӣ ва рушду шукуфоӣ таманно менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!