Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва соли нави аҷдодиро ба кулли сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон буда, гузаштагони фарҳангиву тамаддунсозамон расму ойинҳои онро ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонидаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд. Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст”.

Наврӯз марҳалаи ҷадиди гузаштан ба фасли нави зиндагӣ, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, ҷашни дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандӣ ва амалӣ гардидани орзуву ниятҳои нек мебошад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо суннату ойинҳои неки ин ҷашни зебои табиат, ки дар кишвари мо аз баракати Истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардидааст, бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронаи худ ба фарҳангу тамаддуни халқу кишварҳои олам таъсири амиқ расонидааст.
Маҳз тавассути расму ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргон арзишҳои милливу фарҳангӣ ва илмиву адабии мардумони ориёитабор пойдору устувор гардида, то замони мо омада расидаанд. Бо назардошти ҳамин омилҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ таъкид намудаанд, ки “бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ҳамчун фарди ватандӯст ва худшиносу худогоҳи миллат анъанаву суннат ва мероси маънавии оламшумули аҷдоди худро гиромӣ дорем ва ба наслҳои оянда ҳамчун махзани бебаҳои ҳуввиятсоз интиқол диҳем. Бо иттиҳоду сарҷамъӣ ба масъалаҳои ободониву бунёдкорӣ, тозаву озода кардани хонаву дар ва сарсабзу хуррам гардонидани маҳалли зисти худ таваҷҷуҳ намуда, ба ин восита дар ободонии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.
Бо чунин таманниёт, бори дигар, ҳамаи Шумо - сокинони вилоятро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, саодату сарбаландӣ, хонаи обод, бахту иқболи нек ва файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад!