
Фарорасии Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба кулли сокинони вилоят ва аҳли илму адаб сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ ва хотири ҷамъу осоиши рӯзгор таманно менамоям.
Боиcи ифтиxoр аст, ки шинохти асолати таърихӣ маҳз аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, моро водор месозад, ки барои рушду пешрафти кишварамон аз осори гаронбаҳои суханварони бузурги миллат сабақ гирем ва дар роҳи минбаъдаи рушду инкишофи давлатдориамон аз он истифода намоем. Зеро рисолати адабиёт тарбияи инсонҳо, ҳидоят ба роҳи нек, талқини некӯкорӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббат, вафодорӣ, хулқи ҳамидаву писандида ва сабру таҳаммул буда, ҳадафи шеъри Мавлоно низ тарбияи инсони комил мебошад.
Дар мавриди мақоми бузург ва ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо – тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафаию ирфонӣ дасти тавоно доранд».
Воқеан ҳам, Мавлоно бо афкори чаҳонсози хеш “ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун-исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт". Ин аст, ки сухани Мавлоно барои инсонҳо новобаста аз нажод ва дину маҳзаб дархури ниёзмандиҳо гардида, моро ба ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Махсусан, дар замони ҷаҳонишавии арзишҳои маънавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва низоъҳои мухталифи байни халқу кишварҳои алоҳида таълимоти Мавлоно арзишу аҳамияти бештар пайдо намуда, моро водор месозад, ки ба қадри сулҳу субот, ҳамдилию ҳамбастагӣ ва зиндагии орому осоишта бирасем.
Итминони комил дорам, ки каломи ин чеҳраи тобноки олами илму маърифат минбаъд низ дар густариши дӯстиву бародарии байни халқу миллатҳо, ҳамдигарфаҳмӣ, равобити судманди тамаддунҳо ва тарбияи насли ояндасози миллат нақши равшан мегузорад.
Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!




