Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки нишонаи ҳастии миллат ва яке аз муҳимтарин омилҳои ваҳдату муттаҳидии сокинони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ба кулли мардуми сарбаланди вилоят сидқан таҳният мегӯям.

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, инъикоси олами маънавӣ, худшиносию худогоҳӣ ва муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши сазовор гузоштааст.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст».

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи пайваста амалӣ намудани сиёсати давлатии забон ва ғамхориву таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбат ба арзишҳои забонӣ ҷойгоҳи он дар ҷомеаи навин ҳамчун "хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ" устувор гардид. Аз ин лиҳоз, имрӯз донистани забон барои ҳар як фард маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, давлату миллат, ба Модар ва Ватани маҳбуб ба ҳисоб меравад.

Сокинони кишвари азизамон аз он ифтихорманду сарфарозанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандона ва маънавиятбунёди Пешвои муаззами миллат забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо дода, паёми миллати тоҷикро бо забони ширину шево ба оламиён расонид.

Боиси таъкид аст, ки бо мақсади эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба нашр расонида шуда, ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа гардида истодааст. Ин иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат имконият фароҳам меоварад, ки ҷавонону наврасон дар баробари азхудкунии техникаву технологияҳои муосир дар руҳияи эҳтиром ба забони ноби тоҷикӣ, фарҳанги миллӣ аз осори маънавии ниёгон тарбият ёбанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар заминаи амалӣ намудани дастуру нишондодҳои давлату Ҳукумат ва бо мақсади татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба забон, аз ҷумла муқаррароти қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030", ки барои мустаҳкам намудани пояҳои забони давлатӣ нигаронида шудаанд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Имрӯз қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии мост, ки забони давлатиамонро ҳамчун рукни меҳварӣ ва шаҳсутуни давлатдорӣ эҳтиром кунем ва поку беолоиш нигоҳ дорем.

Бо чунин таманниёт, бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, дар гиромидошт ва ҳифзи ин сарвати бузурги миллӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак!