
Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбе аввали моҳи октябр дар саросари Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, рамзи қадрдониву сипос ба аҳли илму маърифат ва равшангарони ҷомеа аст. Ба ин муносибат, тамомии омӯзгорон, зиёиён ва кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғдро бо иди касбӣ самимона шодбош мегӯям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми омӯзгор таъкид намудаанд: «Омӯзгорон машъалафрӯзони ҷомеа ҳастанд, ки метавонанд имрӯз ва фардои кишварро бо нури маърифат равшан созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат саҳми арзанда гузоранд».
Боиси ифтихор аст, ки бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ба беҳбудии шароити зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, имтиёзҳои зарурӣ дар қонунгузорӣ муқаррар шудаанд.
Чунонки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ таъкид намуданд, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода мешавад. Агар ба далелҳо рӯй оварем, маълум мегардад, ки "дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмӯъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст".
Хурсандиовар аст, ки ҳоло лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардидааст, ки қабули ин санади муҳим марҳалаи ҷадидеро дар фаъолияти омӯзгорон оғоз хоҳад бахшид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати мустаҳкам намудан ва таҳким бахшидани мақоми омӯзгорон дар ҷомеа Чоизаи Раиси вилоятро таъсис додааст, ки ҳамасола омӯзгорони беҳтарину навовар барои саҳми назаррас дар рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли наврас сарфароз мегарданд. Дар баробари ин, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешқадам, таъсиси ҷоизаҳои «Беҳтарин муассисаи таълимӣ» ва «Беҳтарин муассисаи томактабӣ», ба омӯзгорон додани роҳхатҳои ройгон ба осоишгоҳҳо аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд гардидани манзалату обрӯи омӯзгорон мусоидат менамоянд.
Бо итминон изҳор медорам, ки омӯзгорони вилоят минбаъд низ ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, омӯзонидани илму дониш ва касбу ҳунар, тарбияи насли худшиносу худогоҳу ватанпарвар ва ба ин восита дар таҳкими сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бори дигар, омӯзгорон, собиқадорони соҳа, устодон ва кормандони соҳаи маорифро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар роҳи иҷрои рисолати пуршарафи таълиму тарбияи фарзандони сазовори Ватан барору комёбӣ таманно дорам.




