Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарорасии ҷашни мубораку муқаддаси 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони шарафманди вилоят табрику таҳният гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидон орзу менамоям.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз ҳамасола таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил мегардад. Зеро он ибтидои дигаргуниҳои бунёдӣ, ташаббусҳои созанда, омили муттаҳидкунандаи халқу миллат дар даврони нави таърихӣ маҳсуб гардида, заминагузори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат хеле бамаврид таъкид намудаанд: "Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму оинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд."

Маҳз бо баракати истиқлоли давлатӣ кишвари тозаистиқлоламон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти бузургтарин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.

Аз ин лиҳоз, истиқлолу озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон арзиши бебаҳо ва сарчашмаи бахту саодат ба ҳисоб рафта, ҳар кадоми моро водор менамояд, ки бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо дар ҳифзу ҳимоя ва гиромидошти арзишҳои он пайваста кӯшиш намоем.

Таърих гувоҳ аст, ки соҳиби давлати мустақил гардидан ва расидан ба чунин рӯзи босаодат барои халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нагардидааст. Сокинони Тоҷикистон мухолифатҳои шадид ва чанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-умро хуб дар хотир доранд, ки дар натиҷаи дасисабозии бадхоҳон ба амал омада, миллатро ба хатари парокандашавӣ рӯ ба рӯ намуд.

Хушбахтона, ба шарафоти иродаи қавӣ ва талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарифи тоҷик сулҳу субот пойдор ва рукнҳои давлатдорӣ барқарор гардида, давлат аз гирдоби ҳалокат наҷот ёфт ва ягонагии ҳудуди кишвар ҳифз карда шуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқлол тавассути заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарафманди тоҷик дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо карда, ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузошта истодааст.

Мо мардуми вилоят минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ ва раванди ободониву созандагии Ватани маҳбубамон саъю талош намуда, ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегирем.

Таманно мекунем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ доимо пойдор бошад!

Чашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!