
Иди касбии кормандони соҳаи авиатсия дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Кормандони ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, кулли собиқадорони соҳа ва муштариёни авиатсияи тоҷикро ба муносибати иди касбиашон шодбош мегӯям ва саломативу бардамӣ ва саодати рӯзгорашонро таманно дорам.
Зикр кардан бамаврид аст, ки фурудгоҳ дарвозаи рамзии давлат буда, меҳмонон аз хориҷи кишвар тасаввуроти аввалинро аз маданияту фарҳанги давлату миллат аз ҳамин даргоҳ пайдо мекунанд. Аз ин лиҳоз, ин масъулияти баланд кормандони фурудгоҳро вазифадор менамояд, ки ба анъанаҳои аҷдодӣ содиқ монда, фарҳангу маданияти тоҷиконро ба меҳмонон муаррифӣ намоянд.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавассути роҳҳои ҳавоӣ бо даҳҳо кишварҳои хориҷи дуру наздик вусъати тоза гирифтанд. Боиси қаноатмандист, ки коллективи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон баён доштанд, бо назардошти мавқеи мусоиди ҷуғрофии Тоҷикистон, бо мақсади афзун намудани ҳамлу нақли мусофирон ва ҳаҷми боркашонӣ ҷиҳати ба масири транзити ҳавоӣ табдил додани кишвар, бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ вазифаашонро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Алҳол дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мутахассисон ва соҳибкасбоне фаъолият доранд, ки барои хизматрасонии дараҷаи баланд ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо бо сатҳи олии касбӣ ва дониши фарох омода мебошанд. Роҳбарияти муассиса тайи солҳои охир базаи техникаи гуногуннавъ ва нақлиёти рўизаминиро пурра гардонд.
Боиси тазаккур аст, ки солҳои охир кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба комёбию пешравиҳои назаррас ноил гардида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар роҳи амалӣ гардондани сиёсати Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода баранд. Ҷиҳати баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва афзун намудани ҳаҷми мусофиру боркашонӣ ба истиқбол ҷашни ҳумоюнии миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро пурзӯр ва самарабахш мегардонанд.
Ба ҳамин ниятҳои нек ва самимияту иродати бепоён кулли кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва собиқадорони соҳаро ба ифтихори Рӯзи авиатсияи тоҷик дигарбора табрик гуфта, парвози бехавф, сулҳу оромӣ, рӯзгори осуда, хушбахтиву иқболи баланд ва барори кор таманно дорам.
Иди касбӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!




