
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18-уми август Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, кулли табибони вилоят ва собиқадорони соҳаро бо Рӯзи кормандони соҳаи тиб сидқан шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Соли равон таҷлили иди касбии кормандони соҳаи тиб дар рӯзҳое доир мегардад, ки сокинони сарбаланди Ватани маҳбубамон ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.
Рӯзи кормандони соҳаи тиб имсол ба 1045-солагии зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино мувофиқ омад, ки осори гаронбаҳояш ганҷи бебаҳои илм ва роҳнамои тамоми табибони олам ба ҳисоб меравад.
Шиостаи таъкид аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ пайваста тақвият бахшида шуда, ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии он, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ва тарбияи мутахассисон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ таъкид намуданд, ки “танҳо дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад. Аз ҷумла, дар вилоят давоми соли 2025-ум бо мақсади беҳтар кардани таъминоти моддиву техникӣ ва техникаи муосири ташхису табобат дар муассисаҳои тиббии вилоят илова ба нақша беш аз 300 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки барои беҳдошти хизматӣ тиббӣ мусоидат менамояд. Соли чорӣ дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат дар вилоят чандин иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, махсусан дар байни ҷавонсон мусоидат менамояд.
Бовари комил дорам, кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат дониш малакан хешро пайваста такомил дода, дараҷаи хизматрасониро ба аҳолӣ баланд мебардоранд ва ба ин восита баҳри солимии ҳар сокини диёр ва зиндагии хушбахтонаи онҳо нақши арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар, табибони ҳозиқи вилоятро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти ҳамарӯзаашон комёбиҳои беназир ва дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат таманно дорам.
Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!




