Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба ҳамаи Шумо - наврасону кӯдакон табрику муборакбод гуфта, осмони софу беғубор, кӯдакии пурнишот, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди кӯдакони хушбахти даврони истиқлол чунин таъкид намудаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.

Дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин намудани ӯ, фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо ҳамчун ояндаи давлату миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ғамхориҳои имрӯзаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ ва таваҷҷуҳ ба солимии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст.

Гузашта аз ин, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъулин супориш дода шуд, ки дар давоми панҷ соли оянда дар ҳар маҳаллае, ки зиёда аз 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд. Тибқи нақша дар тамоми каламрави кишвар соли 2025 бояд 168 бинои муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода, солҳои наздик бунёди боз 800 чунин иншоот, бо фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ таъмин карда шавад.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои ба ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакон, инчунин баҳри раҳнамоӣ ва таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми тадбирҳоро амалӣ намоянд. Бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» барои масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли наврасу ҷавон саҳмгузор бошанд.

 Бори дигар, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба дӯстрӯякону наврасон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо хандаи беғаши тифлӣ, даврони босаодати наврасӣ, оромию осудагии хонадон ва бахту иқболи баланд таманно менамоям. 

Бигзор, кӯдакони мо ҳамеша саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани хеш бошанд!

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!