Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният гуфта, хушбахтиву сарбаландӣ, хотири ҷамъ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Оила-сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки “Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”.  

Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.

Мояи ифтихор аст, ки давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ва таъмини беҳдошти зиндагии мардум барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳифзу ҳимояи оила ҳамчун асоси солимии ҷомеа аҳамияти бештар пайдо карда, моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем ва бо кӯмаку дастгирии ҳамдигар тамоми мушкилотро паси сар намуда, ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон заҳмат кашем.

Боварӣ дорам, ки дар соли барои халқу миллат таърихии омодагиҳо ба санаи муҳими 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тадбирҳои муҳим дар таъмини пойдории оилаҳои солиму қавӣ мусоидат карда, заминаҳои заруриро барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу донишвар, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз, афроди ватандӯсту соҳибназар ва хидматгузор баҳри фардои боз ҳам шукуфону дурахшони кишвар фароҳам хоҳад овард.

Бори дигар, фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, меҳру садоқат ва зиндагии босаодату бардавомро таманно менамоям.    

Бигзор, ҳамеша чароғи хонаатон фурӯзон ва қалбҳоятон гарму равшан бошад.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!