Сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи байналмилалӣ ва фасли баҳори фархундапай сидқан табрику таҳният гуфта, саломативу хушбахтӣ, иқболи баланд, файзу баракати рӯзгор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сарсабзию шукуфоӣ орзу менамоям.
Бояд гуфт, ки Наврӯз ва расму ойинҳои наврӯзӣ дар тӯли мавҷудияти беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳамчун сарчашмаи муҳими ахлоқиву тарбиявӣ барои дар руҳияи бунёдкориву созандагӣ, таҳаммулгароӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, дӯстию рафоқат, ҳамзистӣ ва некиву накукорӣ тарбия намудани инсоният хизмат намуда, фарҳанги миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.
Аз ин лиҳоз, Наврӯз ҳамчун маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод сарчашмаи ифтихор ва воситаи муҳимтарини худшиносиву худогоҳӣ ба шумор рафта, ба шарофати истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё ва мақоми байналмилалиро соҳиб гардид. Пешвои муаззами миллат дар мавриди мақоми Наврӯз ва суннату анъанаҳои он дар сарнавишти миллати тоҷик чунин таъкид намудаанд: “Наврӯз барои мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем. Истиқлол ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯз чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон дар якҷоягӣ пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагони некноми мо мебошанд”.
Дар айёми Наврӯз ҳама ҷо сабзу хуррам гардида, марди деҳқон ба умеди ҳосили фаровон ва баракати дастархон ба замин тухм мепошад, мардум бо тозаву озода кардани гирду атроф, макони зист, ҷӯйбору дарёҳо, омода намудани таомҳои наврӯзӣ оғози солро бо шодию хурсандӣ пешвоз мегиранд.
Дар шароити имрӯзаи вазъи ҷаҳони муосир интишори фарҳанги наврӯзӣ заминаҳои созгорро барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳунарии байни давлатҳо ба вуҷуд овард.
Наврӯзи имсола боз аз он ҷиҳат хотирмону фармӯшнопазир аст, ки бо ибтикори сарварони кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муносибатҳои дӯстию ҳамсоягӣ аз нав барқарор ва мушкилоти сарҳадӣ пурра ҳал гардиданд. Ин рӯйдоди таърихӣ ба роҳбарии хирадмандона ва иродаи сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дошта, орзуи чандинсолаи мардуми кишвар ва аз ҷумла, сокинони вилояти Суғдро амалӣ намуд.
Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят минбаъд низ бо шукргузорӣ аз Ватани ободу озод барои рушду шукуфоӣ, пойдории сулҳу субот ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон талоши бештар менамоянд.
Бо чунин таманниёт, бори дигар, сокинони вилоятро бо фарорасии Наврўзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, тансиҳатию хотирҷамъӣ, рӯзгори хушу хуррам ва дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад!