Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар замони муосир нақши барҷаста дошта, ахбор ва иттилоотро босуръат дар саросари ҷаҳон мунташир мекунанд ва ҷомеаро аз рӯйдодҳои муҳиму зарурӣ огоҳ месозанд. 

Саҳми воситаҳои ахбори омма дар инъикоси дастоварду пешравиҳо, таҳаввулоту дигаргуниҳо, таҳлили ҳодисаву воқеаҳо, дар маҷмуъ ташаккули афкори солими ҷомеа ва дар ин замина таҳкими сулҳу ваҳдат, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас аст. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти озодонаи расонаҳо тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, шаклҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма - рӯзномаву маҷаллаҳо, радио ва телевизиону хабаргузориҳо фаъолияти пурсамар доранд. Расонаҳои нав ва платформаҳои интернетӣ низ дар ҳоли рушд буда, фановарӣ ва технологияҳои муосире, ки ба кори воситаҳои ахбори омма таъсири назаррас мегузоранд, васеъ истифода бурда мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи рушди воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Солҳои охир дар Тоҷикистон воситаҳои гуногуни алоқаи электронӣ, алалхусус интернет густариш ёфта истодаанд, ки мо инро падидаи нек арзёбӣ менамоем. Мо тавассути интернет ба фазои иттилоотии ҷаҳон пайваста, аввалан, аз маҷрои беинтиҳои ахбор ба таври васеъ баҳравар мешавем, сониян, имкониятҳои мо дар кори тарғибу муаррифии Тоҷикистон ба оламиён садчанд меафзоянд».  

Боиси таъкид аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории хубу густурда дошта, аз хадамоти расонаҳои чопиву электронӣ дар таҳлилу баррасии мушкилоту муаммо ва роҳи ҳалли онҳо ба таври васеъ истифода менамояд. Зеро ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки муаммоҳои иҷтимоӣ сари вақт ҳал карда шаванд.

Боварии комил дорам, ки рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ бо истифодаи технология ва абзорҳои пешрафта маводи дорои мазмуну муҳтавои баландро омода ва пешниҳод карда, дар рушду инкишофи ҷомеа, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби ғояҳои миллӣ, инъикоси комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар рўзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаро бахшида ба Рӯзи матбуот самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназир таманно мекунам.

Иди касбӣ муборак!