Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи Модар

Бонувони арҷманд!

Модарону хоҳарони азиз! 

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рўзи Модар самимона муборакбод намуда, бароятон хушбахтиву иқболи нек, саодати ҳамешагӣ ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба масъалаи эҳтироми зан – модар таваҷҷуҳ намуда, барҳақ таъкид намуданд, ки: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».

Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Модар аввалин шахсест, ки бо меҳри бузург, садоқату муҳаббаташ ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.

Маҳз, ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан - модар вобаста аст.

Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Бонувону занон ва духтарон дар амалисозии қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманди худро мегузоранд, зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.

Бо умеду орзуҳои нек, Шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда — Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ ва худогоҳу худшинос комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи Модар муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!