
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамсола дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол 23-юми феврал ҳамчун Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.
Вобаста ба ин, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилоят, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва мардуми сарбаланди вилоятро бо ин рукни асосии давлатдориамон сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон саломатию сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон тинҷию осудагии пайваста таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари азизамон оромию осоиштагӣ ва истиқлолу озодӣ, инчунин марзу буми Ватани маҳбубамонро ҳамчун сипари боэътимод ҳифзу ҳимоя карда истодаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди қудратии зодаи даврони истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони нав ба ҳисоб рафта, хизматчиёни ҳарбӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи амнияту соҳибихтиёрии давлат ва таъмин намудани сулҳу субот сарбаландона камари ҳиммат бастанд.
Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулияту рисолати таърихӣ фаъолона иштирок карданд ва обутоб ёфтанд. Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд».
Дар шароити имрӯзаи вазъи ноороми ҷаҳон, ки таҳдиду хатарҳои муосир торафт шиддат мегирад, ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи Ватани маҳбубамон барои ҳифзи осоишу оромӣ ва гиромидошти дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ саъю талош намояд. Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд».
Итминони комил дорам, ки Шумо – фарзандони шуҷои Ватан минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, бо иҷро намудани қарзи ҷавонмардии хеш марзу буми муқаддаси кишвари азизамонро ҳифзу ҳимоя менамоед.
Бори дигар, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, собиқадорони соҳа, инчунин кулли ҳамдиёрони гиромиро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту дастовардҳои беназир орзу менамоям.
Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!




