Мардуми шарифи вилояти Суғдро бо фарорасии ҷашни Сада, ки ёдгори гаронбаҳои аҷдоди некномамон ба ҳисоб меравад, сидқан табрику таҳният мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни фархунда дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон тавассути талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, бо пешниҳоди кишвари азизамон 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузви фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тӯли қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Ниёгони ориётабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин бо ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд. Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд. Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басо деринаи мардуми мо мебошад».
Тибқи тақвими суннатии тоҷикон чиллаи калон аз 22-юми декабр оғоз шуда, шаби даромадани чилларо гузаштагони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд ва баъди тамом шудани чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд. Ин ойин маънои онро дошт, ки даврони сардӣ ба поён расида, мавсими баҳор ва оғози киштукор наздик мешавад. Ба ин маънӣ, Сада рамзи пирӯз омадани гармиву равшанӣ бар сардӣ ва торикӣ маҳсуб шуда, рамзи асосии он — манбаи равшанию нур, яъне оташ мебошад.
Имрӯз низ бархе аз рамзҳои ҷашни Сада, аз ҷумла бо нияти саломатӣ, тандурустиву рӯйсурхӣ аз болои оташ ҷаҳидан дар байни мардуми мо маъмул аст.
Дар арафаи ҷашни Сада тоза кардани ҷӯйбору заҳкашҳо, батартибдарории дарахтон, тоза кардани атрофи дарахтони сояафкан, яхобмонии боғу токзор, ҷиҳати оғози корҳои мавсими нави кишоварзӣ омода кардани олоти меҳнат, техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ва тухмиҳои беҳтарини зироатҳо барои дар давоми соли ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пеш аз ҳама, таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — амнияти озуқаворӣ имконияти мусоид фароҳам меоварад.
Итминони комил дорам, ки кишоварзону деҳқонони вилоят захираҳои обу заминро самаранок истифода бурда, саҳми худро дар рушду ободии Ватани маҳбубамон мегузоранд.
Бори дигар, тамоми мардуми сарбаланди вилоятро ба муносибати ҷашни Сада табрик намуда, дастархони пур аз нозу неъмат, бахту саодат, иқболи баланд ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон оромию осудагии ҷовидона таманно менамоям.
Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!