Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли илму маориф ва равшангарони роҳи фардо - Рӯзи омӯзгорон ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо устодону омӯзгорони азиз ва кормандони соҳаи маорифи вилоятро бо иди касбӣ самимона табрику таҳният менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон вобаста ба мақому манзалати омӯзгор чунин баён доштаанд: "Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд".
Боиси ифтихор аст, ки рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон таҳти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва кору фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шуда, барои омӯзгорон дар санадҳои қонунгузорӣ имтиёзҳо муқаррар гардиданд.
Дар сатҳи вилоят ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои "Беҳтарин муассисаи таълимӣ", "Беҳтарин муассисаи таълимии томактабӣ", роҳхати ройгони омӯзгорон ба осоишгоҳ ва тақвият бахшидани иқтидори моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар башорат дода, дар маҷмуъ барои баланд гардидани манзалату обрӯи омӯзгорон дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Аз ин лиҳоз, Шумо - устодону омӯзгорони муҳтарамро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат рисолати бузурги ба насли ҷавон омӯзонидани донишу маърифат ва касбу ҳунарро боз ҳам густариш бахшида, бо ин роҳ дар тарбия намудани ворисони арзандаи халқу миллат талош намоед. Зеро дар шароити тағйирёбандаи фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ талаби давру замон мебошад.
Бо эътимод ва итминони комил изҳор медорам, ки омӯзгорон чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа минбаъд низ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли ояндасоз ва худогоҳу ватандӯст дар пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи навин саҳми сазовор мегузоранд.
Бори дигар, кулли кормандони соҳаи маориф, собиқадорон ва устодону омӯзгоронро бо иди касбӣ самимона табрику муборакбод гуфта, дар роҳи амалӣ намудани рисолати пурифтихори таълиму тарбияи насли фардосози миллат барору комёбиҳо орзу менамоям.