Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба ҳамаи Шумо - кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, айёми босаодати тифлӣ, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои ҳифзу ҳимояи оила, кўдак ва волидайн таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “кӯдакону наврасон сарвати асосии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд”.

Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амали хайр нақши оила, ҳамчун ниҳоди боэътимод, ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо менамояд ва номбардори бузургони миллат мешавад.

Боиси таъкид аст, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, бахусус бачагони ятиму бепарастор, дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад. Дар чорабиниҳои наврӯзии соли равон аз ҷониби Пешвои миллат барои 200 нафар ятими кулли шаҳру ноҳияҳои вилоят дастархони идона ороста, маблағ ва туҳфаҳои арзишманд супурда шуданд.

Инчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили тобистонаи соли 2023–юм 100 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуданд. Ин тадбир солҳои минбаъда низ идома дода мешавад.

Умедворем, ки ҳамчун насли ояндасози миллат барои шукуфоии кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кӯшиш менамоед, зеро вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навини демократӣ бар зиммаи Шумост.

Дар ин рӯзи муборак кулли кӯдакони вилоятро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз самими дил табрику таҳният гуфта, орзу дорам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд, шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб, арзандаи миллат ва номбардори Ватани хеш гарданд.

Ид муборак, фарзандони азиз!