Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманд!

Ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо кулли ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки насли ояндасози Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфта, дар фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ ва татбиқи ҳадафҳои неку оянда барору комёбиҳо орзу менамоям.   

Бо шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар пазируфта шуда, баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз ва қишри меҳварии ҷомеа таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Қабули қонуну қарорҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони мамлакат, таъсиси стипендия ва квотаҳои Президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва дигар тадбирҳо шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат корҳои муайянро ба сомон мерасонад. Бо мақсади дастгирии ҷавонон ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардидани қарорҳои Раиси вилоят “Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!”, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ва «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои солҳои хониши 2023-2024», инчунин баргузории ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, маросими тақдими стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бевосита баҳри баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тақвият бахшидани фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстӣ, маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, таҳкими истиқлолияту ободии Ватан мусоидат хоҳад намуд.

Дар баробари ин, яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҳамаи мо нисбати он бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоем, дар қалбу шуури ҷавонон бештар тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ буда, имрӯз ҷавонони мо бояд дар чунин руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Ватани маҳбубамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандиву шарафи бузург донанд.   

Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28- уми декабри соли 2023 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гардид, таъкид намуданд, ки «Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқии обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд».

Боварии комил дорам, ки Шумо - ҷавонон аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед.

Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар, кулли ҷавонони саодатманди вилоятро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!