Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба Шумо табрику таҳният гуфта, хушбахтиву сарбаландӣ, хотири ҷамъ ва саодати рӯзгор таманно менамоям.
Таҷлили Рӯзи оила ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба хотири ҳифзи оилаи солиму босаодат ва ниҳоди таҳкимбахши ҷомеа аҳамияти басо бузург дорад. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.
Пойдории давлат аз пойдории оила низ вобаста аст, зеро маҳз оилаи устувору қавӣ боиси таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва рушди ҳаёти иҷтимоӣ мегардад ва наслҳои ҷавон, ки парвардаи оилаи солиму устуворанд, чун парчамбардорони Ватан ба камол мерасанд.
Фарҳанги оиладорӣ миёни мардуми куҳанбунёди тоҷик тӯли асрҳо вуҷуд дошт ва имрӯз нигоҳ доштани арзишҳои муқаддаси оиладорӣ дар баланд бардоштани фарҳанги оиладориву хонаводагӣ нақши муҳим дорад.
Боиси таъкид аст, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои оила тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар кишвар ифодакунандаи дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила мебошад. Асоси ин санадҳоро, ки оила дар он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф мегардад, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила ташкил медиҳад.
Нақши оила дар масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву ватанпарастӣ, инсонпарварии фарзандон, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардидан ва дар оянда барои жомеа хизмати арзанда ва шоиста намудан басо муҳим аст.
Рисолати оила дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Аз ин лиҳоз, фарзандони мо бояд афроди таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд, забондон ва худогоҳу худшинос, дӯстдори сарзамини аҷдодӣ ба воя расида, рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худро иҷро карда тавонанд.
Бори дигар, фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, барояшон рӯзгори орому осуда, ҳаёти осоишта, некномиву нексириштӣ ва болидахотириву сарбаландӣ таманно менамоям.
Бигзор, ҳамеша чароғи хонаатон фурӯзон ва қалбҳоятон гарму равшан бошад.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!