Фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи байналмилалиро ба сокинони сарбаланди вилоят самимона табрику таҳният гуфта, саломативу хушбахтӣ, иқболи баланд, файзу баракати наврӯзӣ ва ба Ватани маҳбубамон сарсабзию шукуфоӣ орзу менамоям.
Дар байни ҷашнҳои миллию давлатиамон Наврўз ҷойгоҳи хоса дорад, зеро фарорасии он ба айёме рост меояд, ки шабу рӯз баробар гардида, табиати хуфта аз нав бедор ва мавсими киштукори баҳорӣ оғоз мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврўз дар даврони истиқлоли давлатиамон маҳз таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддуни Наврўз мақоми байналмилалӣ гирифта, ойину суннатҳои он ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардид.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон чунин таъкид намудаанд: “Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳуввияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад”.
Яке аз бузургтарин ҳикматҳои ин ҷашни мардумӣ дар он зоҳир мегардад, ки омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб рафта, ниёзҳои маънавию иҷтимоии мардуми оламро қонеъ мегардонад.
Аз нав эҳё гардидани Наврӯз, анъанаву суннатҳои наврўзӣ ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он обрӯву нуфузи кишвари азизамон Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар намуд.
Таҷлили шукўҳманди ҷашни Наврўзи байналмилалӣ моро водор менамояд, ки дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба тозаву озода кардани хонаву дар ва маҳалли зисти худ, сарсабзу хуррам намудани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғҳои нав ва ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон корҳои созандагию ободониро бо рӯҳияи баланду созанда вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони кишвари маҳбубамон сарҷамъона талош намоем. Дар баробари ин, суннатҳои неки созандагиву бунёдкориро бештар идома дода, аз обу замин самаранок истифода барем, то ин ки истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рӯзгори осудаи аҳолии кишварамонро таъмин намоем.
Бо чунин таманниёт, бори дигар, ҳамаи Шумо сокинони вилоятро бо фарорасии Наврўзи фархундапай табрику таҳният намуда, ба хонадони ҳар як сокини кишвари маҳбубамон файзу баракат ва нусрату пирўзӣ орзу менамоям.
Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад!