Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳамасола 11 март ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз дар ин сана яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии миллати мо ба вуқуъ пайваста, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ нашр гардидааст.
Кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа ва аҳли қалами вилоятро бо иди касбӣ табрик гуфта, ба онҳо зиндагии хушу хуррам ва дар роҳи эҷод барору комёбиҳоро орзу менамоям.
Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши бориз гузошта, инсонҳоро ба сӯи фардои дурахшон ва ояндаи нек раҳнамун месозанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд”.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма диққати махсус зоҳир гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мекунанд.
Аҳли қалам бо истифода аз чунин имконот барои муаррифии таърихи пурғановати халқи тоҷик, фарҳангу тамаддуни оламгир, анъанҳои милливу қадимӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ ва бовар ба фардои саодатбахш меҳнат мекунанд.
Инъикоси саривақтии пешрафту тараққиёти ҷомеа ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда самараи фаъолияти шоистаи рӯзноманигорон маҳсуб меёбад.
Боварии комил дорам, ки журналистони вилоят бо ифтихори бузурги ватандорӣ ҷараёни бунёдкориҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро минбаъд низ инъикос намуда, бо навиштаҳои баландмазмуни худ дар пешрафти мамлакати азизамон саҳм мегузоранд.
Бори дигар, кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоятро бахшида ба Рӯзи матбуот табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом ва хушиҳои рӯзгорро таманно мекунам.
Ид муборак, аҳли қалами вилоят!