Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи Модар

Бонувони арҷманд!

Модарону хоҳарони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рўзи Модар самимона муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ ва тамоми хушиҳои умрро таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба масъалаи эҳтироми Зан – Модар таваҷҷуҳ намуда, қайд менамоянд, ки “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солим, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар воқеан қобили ситоишу қадрдонист.

Модар мисли замин танҳо ва яктост. Бузургдошти Рўзи Модар дар қаламрави кишвар аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

 Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: ”Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд”.

Бори дигар, тамоми занону модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷманди вилоятро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хушбахтӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Рӯзи Модар муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!