Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба ҷашни Сада

Ҳамасола охири моҳи январ дар саросари кишвари азизамон ҷашни Сада бо шукўҳу шаҳомати хоса ва риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат, тамоми мардуми шарифи вилояти Суғдро бо фарорасии ин ойини бостонии мардуми куҳанбунёдамон, ки таърихи хеле қадим дорад, самимона табрику таҳният менамоям.

Ҷашни хуҷастаи Сада, ки дар қатори Наврўз, Тиргон ва Меҳргон аз ҷумлаи ойинҳои бузургу пурҳикмати ниёгони шарафманди мо маҳсуб меёбад, аз замони қадим бо табиат пайванд дошта, маҳз дар даврони истиқлоли давлатӣ тавассути талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукўҳи таърихии хешро барқарор намуд. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: “Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид”. Ба ин маънӣ, яке аз омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо ин мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ буда, унсурҳои созандаву ободгарона, ғояҳои муттаҳидкунанда, ватандӯстона ва инсонпарварона дорад.

Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми “чиллаи калон” рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармо ба охир расида истодааст ва фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст. Гузашта аз ин, ​ ҷашни Сада аз оғози пайдоиш ва рушди пешаи кишоварзӣ моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст. Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем.

Итминони комил дорам, ки соли равон кишоварзону деҳқонони заҳматкаши вилоят бо самаранок истифода бурдани захираҳои обу замин тамоми сайъу талоши худро барои рўёнидани ҳосили фаровон равона карда, дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва муҳимтар аз ҳама, таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назарраси худро мегузоранд.

Бори дигар, тамоми мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилояти Суғдро ба муносибати фарорасии ҷашни Сада табрик намуда, ба ҳамагон дастархони пур аз нозу неъмат, ризқу рўзии фаровон, осмони софу беғубор ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидона таманно менамоям.

Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!