Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли иродат, самимият ва эҳтироми бепоён фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанони азиз, бахусус сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният мегўям.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯи фавқулода, истеъдоди нодири давлатдорӣ, роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва хизматҳои беназир Тоҷикистони тозаистиқлолро ба давлати пешрафта ва шукуфон табдил доданд.

Хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон ниҳоят бузург буда, саҳифаҳои заррини таърихи давлатдориамон дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мегардад.

Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштани эътибори кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар мисоли таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, ба миён гузоштани муаммоҳои глобалии гармшавии сайёра, даъват ба муборизаи дастҷамъона бар зидди хавфу хатарҳои экстремизм, терроризм ва дигар ҳодисаҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардаанд, мубориза барои пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини сулҳу субот дар минтақа ва кишварҳои олам боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон аст.

Сарчашмаи ин ташаббусҳои ҷаҳониро метавон дар заминаи шинохти моҳият ва ҳадафҳои сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд, зеро тамоми дастовардҳои мардуми тоҷик дар даврони истиқлол, бахусус таҷрибаи сулҳ самараи ҳамин сиёсати оқилона ба ҳисоб рафта, дар навбати худ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Мардуми Тоҷикистон дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои ҳақиқии худро шинохтаву ин роҳи босуботро ба сӯи фардои пур аз ормону мақсуд ҳамчун шоҳроҳи муроду матлаб интихоб намуд.

Имрӯз сокинони кишвари азизамон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоду боварӣ ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои бо армуғонҳои меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош менамоянд.

Дар ин рӯзи барои миллати тоҷик ва ҳар як сокини мамлакат хотирмону таърихӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳату саломатӣ, умри дароз ва дар иҷрои ниятҳои нек дастоварду муваффақиятҳои бепоён орзу менамоям.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!