Бо камоли эҳтиром ва саодатмандӣ роҳбарият, кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бо иди касбӣ - Рӯзи кормандони милитсия сидқан табрику муборакбод гуфта, сиҳату саломатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.
Дар ҳама давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст.
Вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад.
Зеро онҳо дар тӯли сиву ду соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъулияти басо душвор – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини оромиву осоиш ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткорро ба уҳда доштанд ва масъулияти худро бо сари баланд иҷро карданд».
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористону ифротгароён, қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ таҷрибаи зиёди касбӣ пайдо карданд ва имрўз суботу оромии кишвари азизамонро сарбаландона ҳимоя менамоянд.
Таманно мекунем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Пешвои муаззами миллат ва тавассути заҳмати мардуми шарифу сарбаланди мамлакат ба сарзамини ободу биҳиштосо табдил ёбад.
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар, кулли кормандони мақомоти милитсия ва собиқадорони иззатмандро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, ҳаёти орому осуда, саодати рўзгор ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.