Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр ба хотири қадр кардани заҳмат ва фаъолияти содиқонаву самимонаи омӯзгорон ва аҳли илму маърифат дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.

Таҷлили ин санаи фархунда шаҳодати таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат ба омӯзгор, яъне роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши илму маориф дар ташаккули ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин таъкид намудаанд: “Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад”.

Воқеан, рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва дар маҷмўъ рушди иҷтимоии ҷомеа мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия вобаста буда, дар кишвари мо зина ба зина барои беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш баҳри баланд бардоштани кори таълиму тарбия барномаҳои ҷадиди соҳавӣ қабул ва дар амал татбиқ мешаванд.

Дар пайравӣ аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, бунёди иншооти соҳа, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад.

Дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ва дастовардҳои толибилмон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ башорати заҳмати хастанопазири устодону омўзгорони мо мебошад.

Итминони комил дорам, ки омӯзгорон чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа минбаъд низ дар тарбияи насли ояндасоз, худогоҳ ва ватандўст дар пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи навин саҳми сазовор мегузоранд.

Бори дигар, кулли кормандони соҳаи маориф, собиқадорон ва устодону омӯзгоронро бо иди касбӣ самимона табрику муборакбод намуда, дар ҷодаи пурифтихори таълиму тарбияи насли наврас барору комёбиҳо орзу менамоям.