Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бузургдошти яке аз шахсиятҳои бузурги илму адаб, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, суханвари тавонои қарни ХII Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро ба кулли сокинони вилоят ва алоқамандони сухани ноб сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатию сарбаландӣ ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои неку созанда муваффақиятҳо орзу менамоям.

Арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддун ва мероси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин паҳлӯҳои сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, моро вазифадор месозад, ки дар омӯзиш, таҳқиқ, гиромидошти арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо дар кишвари азизи мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки дар кулли кишварҳои ҳамҷавор ва дӯсту ҳамзабон ҷашн гирифта мешавад, зеро хизматҳои таърихии ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷикон ва халқҳои ҷаҳон ниҳоят бузург мебошад.

Боиси таъкид аст, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марқади Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки дар шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия қарор дорад, як каф хок оварда, ба оромгоҳи рамзии ӯ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ гузошта шуд, ки имрӯз ба зиёратгоҳи ихлосмандону ҳаводорони осори пурғановати Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мубаддал гардидааст. Ҳамчунин, дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар ин ноҳия "Хона-музейи Ҷалолуддини Балхӣ" ва муҷассамаи ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ ифтитоҳ гардид, ки баёнгари сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромдошти фарзандони фарзонаи миллат, омӯзиши васеи ашъори баландпояи Ҷалолуддини Балхӣ ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас ба ҳисоб меравад.

Дар таълимоти ин орифи номвар масъалаҳои баробарии дину мазҳабҳои гуногун, ормонҳои волои озодӣ, илмомӯзиву маърифатпарварӣ, хайрхоҳиву таҳаммулгароӣ, ваҳдату дӯстӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва тавсифи беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ифода ёфтааст. Аз ин рӯ, дар вазъи имрӯзаи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ осори гаронбаҳои адабӣ ва фалсафию ирфонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун раҳнамои башарият ба ояндаи орому осуда, ба ниёзу армонҳои умумиинсонӣ ва ҷаҳони муосир созгор мебошад.

Итминони комил дорам, ки омӯзиши афкору осор ва фалсафаи башардӯстонаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ минбаъд низ дар тарбияи маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа ва тақвият бахшидани пояҳои давлатдории миллиамон нақши равшан мегузорад.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!