Паёми​ табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

Муҳтарам аҳли қалам!

Ҳамаи Шумо - кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои нави эҷодӣ таманно менамоям.

110 сол пеш аз ин бо ибтикори гуруҳе аз равшанфикрону фарҳангиёни тоҷик нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” таъсис дода шуд, ки минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт. Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаҳои ҷолиби асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, тиҷорату бозаргонӣ, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.

Боиси таъкид аст, ки матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Теъдоди рӯзномаву ҳафтанома, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам боло бурд. ​

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт”.

Дар замони муосир саҳми воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас буда, ин дастгоҳи тавонову муқтадири хабариву таҳлилӣ ҳодисаву воқеаҳоро бозтоб намуда, мардумро ба фардои дурахшон раҳнамун месозад.​

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамкории густардаро ба роҳ монда, дар ҳалли масоили гуногуни иҷтимоӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода мебарад.​

Нақши воситаҳои ахбори омма ва кормандони соҳаи матбуот дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, дастоварди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон шоистаи таҳсин буда, фаъолияти онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мунтазам қадршиносӣ мегардад. Ҳамасола ташкилу баргузории озмуни анъанавии “Хомаи созанда”, озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, ҷалби собиқадорону рӯзноманигорон ба истироҳату табобат гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

Боварии комил дорам, ки кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят минбаъд низ барои инъикоси воқеии комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба давлату миллат содиқона хизмат менамоянд.

Бори дигар аҳли қалам - кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоятро бахшида ба Рӯзи матбуот табрик гуфта, ба онҳо хушиҳои рӯзгор, саломативу хотири ҷамъ ва илҳоми саршор таманно мекунам.

Ид муборак, аҳли қалами вилоят!