Фарорасии бузургдошти поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ устод Абўабдуллоҳи Рўдакиро, ки рамзи худшиносиву худогоҳӣ, истиқлолу озодӣ ва нишони ҷовидонагии адабу фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, ба сокинони сарбаланди вилоят, бахусус аҳли илму маърифат, устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагон ва кулли алоқамандону дилбохтагони шеъру сухани оламгир сидқан таҳният мегӯям.
Санаи фархундаи Рўзи Рўдакӣ дар кишвари азизи мо ҳамасола 22 сентябр таҷлил гардида, таваҷҷуҳ ва арҷгузории давлату Ҳукумати кишварро ба хизматҳои бесобиқаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Рўдакӣ, кору пайкори абармардони илму адаб, осори гаронбаҳои онҳо, таъриху фарҳанги оламшумул ва арзишҳои миллию таърихии халқамон ифода менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дарҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт”.
Воқеан ҳам, устод Рӯдакӣ бо каломи ҳикматбори худ на танҳо қадри сухани ноби тоҷикиро боло бурд, балки бо офаридани осори арзишманд адабиёти тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Ашъори Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои баланди дорои арзишҳои башардӯстона инсониятро ба сулҳу дўстӣ, адолат, сабру таҳаммул, зиндагии босаодат ва ваҳдату ҳамбастагӣ даъват менамояд ва ҳамчун муҳимтарин омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ оинаи мусаффои зиндагии мо ба ҳисоб меравад.
Дар замони муосир, ки бар асари талошу муборизаи кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани манфиатҳо суботу оромӣ дар минтақаҳои алоҳидаи олам осебпазир гардидааст, арзишу аҳаммияти осори панду ахлоқии устод Рўдакӣ бештар эҳсос мегардад.
Итминони комил дорам, ки каломи сеҳрбори устод Рўдакӣ минбаъд низ дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мардуми мо хизмат хоҳад кард.
Бори дигар, мардуми фарҳангдўсту адабпарвари вилоятро бо Рўзи Рўдакӣ табрику таҳният гуфта, дар иҷрои амалҳои неку созанда ба хотири рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварду комёбиҳои беназир орзу менамоям.