Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи авиатсия

Ҷашни истиқлоли давлатӣ ва иди касбии кормандони соҳаи авиатсия дар шароите таҷлил мегардад, ки кишвари азизамон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ пеш рафта, мардуми шарафманди диёр барои сазовор истиқбол гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо азми қавӣ ва субот талош меварзанд. Кормандони соҳа ва собиқадоронро бо иди касбиашон табрику таҳният мегӯям.

Маврид ба зикр аст, ки кишвари азизамон ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардидааст, ки он аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Пас аз раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муайян шуда, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ дар қатори дигар соҳаҳо авиатсияи гражданӣ низ рушд ёфт, робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавассути роҳҳои ҳавоӣ бо даҳҳо кишварҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шуданд.

Басо рамзист, ки фурудгоҳ дарвозаи рамзии кишвар буда, меҳмонон аз хориҷи дуру наздик тасаввуроти аввалинро аз маданияту фарҳанги давлату миллат аз ҳамин даргоҳ пайдо мекунанд. Аз ин лиҳоз, ин масъулияти баланд кормандони фурудгоҳро водор месозад, ки ба анъанаҳои аҷдодӣ содиқ монда, фарҳанги тоҷиконро ба меҳмонон муаррифӣ намоянд.

Тавре Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд «Ватани моро ба ҷузъ худи мо, фарзандони ҳамин обу хок дигар касе обод карда наметавонад». Боиси қаноатмандист, ки кормандони ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати афзун намудани ҳамлу нақли одамон ва ҳаҷми боркашонӣ, ба масири транзити қавоӣ табдил додани кишвар, ободу зебо гардонидани як гӯшаи кишвар бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонида, сатҳи хизматрасонӣ баланд, симои фурудгоҳ куллан дигаргун ва зебо шуда истодааст.

Боварии комил дорам, ки кормандони фурудгоҳ минбаъд низ иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба хотири пешрафти Ватани маҳбубамон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Бо ин ниятҳои нек бори дигар собиқадорон ва кулли кормандони соҳаро бо Рӯзи авиатсия ва фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!