ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ

Устодону омӯзгорони муҳтарам!                 

Донишҷўён ва хонандагони гиромӣ!

 Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин бора таъкид намудаанд: “Маориф асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумуи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад”.

Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 21 литсейи касбии техникӣ, 946 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 279 муассисаи таҳсилоти томактабӣ  ҷиҳати ба таълиму тарбия  фаро гирифтани насли созандаву бунёдкор фаъолияти босамар доштанд.

Дар заминаи ибтикороти самарабахши ҳукумати мамлакат дар вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ таваҷҷўҳи хоса равона карда шудааст. Маҳз дастгирии донишҷўёну хонандагон ва омўзгорони онҳо аст, ки сол аз сол теъдоди ғолибони озмуну олимпиадаҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, хонандагон, донишҷўён, омӯзгорони пешқадаму навовари мо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мақомҳои арзандаро ишғол менамоянд. Бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва озмуни “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” марҳилаи наверо барои вусъати фаъолияти наврасону ҷавонон, устодону омўзгорони онҳо боз намуда, доираи омӯзиш ва мутолиаи тамоми қишрҳои ҷомеаро густариши тоза бахшид. Озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостониии тоҷикон бештар тақвият ёбад.

Дӯстони азиз!

Илму дониш дар миёни мардуми мо аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд.

Мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз равишҳои муосири таълиму тарбия истифода барем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии наврасону ҷавонони ояндасозро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро тақвият бахшем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем.

Бори дигар, ҳамаи устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни вилоятро ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил  самимона табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият ва хониши хубу аъло таманно менамоям.

Ид муборак, устодону донишҷўён ва хонандагони азиз!