Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ангиштканон

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳар сол якшанбеи охири моҳи август чун Рӯзи ангиштканон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод намуда, дар амалӣ гардидани нияту нақшаҳои нек барояшон барору комёбиҳо таманно дорам.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии кишвар метавонад, дар пешбурди иқтисодиёти кишвар, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад».

Хушбахтона, моҳияти ин вазифаи стратегиро  кулли ангиштканони вилоят – аз коргари оддӣ то роҳбарон ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати афзоиши бемайлони истихроҷи ангиштсанг силсилаи тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.

Дар бахши энергетикаи кишвар таъсири ангишт бағоят калон буда, имрӯзҳо рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи ангишт тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истеҳсоли он барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус дар фасли тирамоҳу зимистон  ва  фаъолияти самараноки иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ басо муҳим аст. Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва талошу заҳматҳои пайвастаи ангиштканон ин мушкилот сари вақт паси сар карда мешавад.

Итминони комил дорам, ки ангиштканони вилоят минбаъд низ аз ӯҳдаи вазифаашон бо сарбаландӣ мебароянд ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо дарки масъулият саҳми шоиста мегузоранд.

Бо чунин таманнои нек ба кормандони соҳаи истихроҷи ангишти вилоят саломатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои беназир таманно дорам.

Ид муборак, ангиштканони азиз!