Паёми табрикии Раиси вилоят ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” ҳамасола санаи 18-уми август дар Тоҷикистон Рўзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад. Боиси ифтихору саодатмандист, ки ҳар сол иди касбии кормандони ҳифзи сиҳатии омма дар арафаи ҷашни бузургу фархунда - 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Иди касбии шифокорони ҳабибро ба кормандони соҳа, собиқадорон ва кулли ҳамдиёрон табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, хотирҷамъии ҳамешагӣ ва саодати рӯзгору бахту иқболи баланд таманно дорам.

Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи Машриқзамин Абўалӣ ибни Сино робитаи қавӣ дорад. Дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошт ва хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли қарнҳо аҷдодони донишманди мо, ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қабул ва амалӣ шудани Барномаҳои давлатӣ, Стратегия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳдошти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. 
Тавре, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат зикр доштанд: “Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки мақому манзалати табибон дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки кормандони муассисаҳои тиббии вилоят иди касбии худро соли равон бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ таҷлил карда истодаанд. Мақсади асосии кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ворид кардани техникаву таҷҳизоти замонавии тиббӣ, ташхиси босифати бемориҳо буда, онҳо бо дастони шифобахш ва суханони нармашон ба мизоҷон саломатӣ ва дарозумрӣ ҳадя мекунанд.

Имрӯз дар муассисаҳои тиббии вилоят 5080 нафар табиб, 17972 нафар корманди миёнаи тиб ва садҳо нафар кормандони ёрирасон содиқона хизмат мерасонанд. Кормандони соҳа, ки ворисони арзандаи гузаштагони пурифтихори худ мебошанд, бо заҳмату фидокорї ва осору истеъдоди фитриашон дар Тоҷикистон ва берун аз он эътироф шудаанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони муассисаҳои нигаҳдории тандурустии вилоят дастовардҳои хешро пайваста таҳким бахшида, баҳри солимии сокинони диёр ва ояндаи неки кишвар хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Бо ҳамин таманниёти нек табибони ҳозиқ ва кулли кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барояшон бахту саодат, файзу баракоти рўзгор ва дар иҷрои рисолати инсондӯстона дастоварду комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак, ҳамдиёрон!