Кулли сокинони вилояти Суғди бостониро ба муносибати фарорасии Иди Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрӯзҳо бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, самимона таҳният менамоям.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид”.
Дар нахустқомуси миллати тоҷик – китоби “Авасто” воҷаи “Сада” ба маънии “зоҳир шудан”, “ошкор гардидан”, “падид омадан” тафсир ёфта, баёнгари зуҳури равшании ҳақиқӣ ва тулӯи хуршед будааст. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин анъанаҳои марбут ба ин оини накӯи миллии мо – афрӯхтани оташ мебошад, ки рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.
Бо гузашти замон дар таркиби Сада падидаҳои дигари фарҳанги миллӣ, аз ҷумла сурудхонӣ, дастархонороӣ, маросими хурсандиву шодмонӣ, иҷрои ҳаргуна бозиҳои варзишиву миллӣ ва ғайра ҳамроҳ гардида, онро чун ҷашни сурури мардум ва оини мубораку хуҷастаи ифодагари фазилатҳои неки инсонӣ муаррифӣ намуд.
Боиси таъкид аст, ки ҷашни Сада аз давраи пайдоиш ва рушди пешаи кишоварзӣ моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон дар робита ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таъкид намуданд: “Солҳои охир бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд”. Ин эътимоду боварии Сарвари давлат моро водор месозад, ки минбаъд низ барои таъмину ҳифзи амнияти озуқавории кишвари маҳбубамон сайъу талош варзем.
Итминони комил дорам, ки Иди Сада минбаъд низ чун ҷашнҳои дигари миллӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёдкорию ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии иди мубораку хуҷастаи миллӣ- ҷашни Сада самимона таҳният гуфта, ба ҳамагон саодати рӯзгор, зиндагонии саршор аз меҳру ихлос ва дар амалӣ намудани нақшаю ниятҳои наҷиби созандагию бунёдкорӣ барору комёбӣ таманно менамоям.
Иди Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!