Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия

Фарорасии Рӯзи кормандони мақомоти молияро ба кулли кормандон ва собиқадорони соҳа табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатию сарбаландӣ, хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва дастоварду муваффақиятҳои пайваста таманно менамоям.  

Боиси таъкид аст, ки ҳамасола 7-уми декабр дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи кормандони мақомоти молия дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Имсол кормандони соҳаи мазкур иди касбии худро дар рӯзҳое ҷашн мегиранд, ки мардуми шарифи вилоят чун кулли сокинони сарбаланди кишвар 30-солагии яке аз санаҳои фархундаи миллат - Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намуда,  ба ҷамъбасти муваффақонаи сол ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. 

Дар ҳақиқат, саҳми кормандони мақомоти молия, дар омода намудан ва таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, танзими истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва идоракунии низоми молиявӣ беназир буда, онҳо вазифаи хизматиашонро сарбаландона  иҷро мекунанд ва дар пешрафти хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар нақши бориз мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташаккул ва рушди соҳаи молия ва нақши он дар тақвият пазируфтани буҷаи давлат таъкид кардаанд:Дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфт”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи мақомоти молия ҳамчун яке аз сохторҳои муҳимтарини иқтисодиёти мамлакат пайваста густариш ёбад ва низоми молиявӣ ривоҷу равнақ дода шавад.

Боварии комил дорам, кормандони Сарраёсати молия дар вилоят ва сохторҳои маҳаллии он муташаккилона фаъолият намуда, дар тақвият бахшидани нерӯи молиявӣ ва беҳдошти зиндагии сокини вилоят бештар талош меварзанд.

Бори дигар, кормандони мақомоти молияро бо иди касбӣ таҳният гуфта, тансиҳативу саодатмандӣ, комёбӣ ва дар пешбурди сиёсати молиявии давлат барору муваффақият орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак!