Бо мақсади ҳифз намудан ва равнақ бахшидан ба санъати фалак бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ҳамасола санаи 10 – уми октябр Рӯзи Фалак таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат, кулли фалаксароён, санъаткорон ва мухлисони ин санъати волоро табрику таҳният мегӯям.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди санъати фалак таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд. Боиси ифтихор аст, ки 15 декабри соли 2021 дар иҷлосияи ҶVI Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи мусиқии суннатии халқи тоҷик - “Фалак” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Боиси таъкид аст, ки ба хотири рушди санъати фалак ва татбиқу интишори сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат чаҳордаҳ сол пеш ансамбли фолклорию этнографии «Фалак»-и вилояти Суғд таъсис ёфта, дар фурсати начандон зиёд дар ансамбл мактаби устоду шогирд вусъат ёфт ва ҷавонони соҳибистеъдод ба саҳнаи ҳунар роҳ ёфтанд.
Санъати қадимаи миллӣ, аз ҷумла фалак собит месозад, ки миллати тамаддунофари тоҷик фарҳанги бою қадима, сабки хосаи санъати мусиқӣ ва сарояндагиро тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол дода, дар рушди ҷомеа ва болоравии маънавиёти мардум нақши амиқ гузоштааст.
Итминон дорем, ки дӯстдорону алоқамандон ва санъаткорони вилоят, аҳли ҳунару эҷод ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти рушди соҳаи фарҳанг, дар тарбияву камолоти истеъдодҳои нав ва ҷустуҷӯву бозёфти беҳтарин намунаҳои назмиву мусиқии санъати фалак ба комёбиҳои арзанда шарафёб мегарданд.
Рӯзи Фалак барои кулли санъаткорон ва алоқамандони санъати фалаксароӣ муборак бошад.