Дар кишвари соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз давлатдории навини тоҷикон ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳонии мо Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Арҷгузорӣ ба мақом ва манзалати забони давлатӣ, ки пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад, ин эҳтиром ба гузаштаи пурифтихори миллати мо, адабиёти оламшумул ва мероси ғании халқи тоҷик мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд».
Забони тоҷикӣ дар тўли мавҷудияти худ роҳи ниҳоят душвору мураккабро тай карда, аз имтиҳонҳои сахти таърих гузаштааст. Ин рукни муҳими муқаддасот имрўз дар раванди бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро чун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират идома дода истодааст.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба забон ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Қабули санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020‐2030» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони Истиқлоли давлатӣ – дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.
Пешвои миллат доир ба масъалаи ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикӣ борҳо таъкид кардаанд. Аз ин рў, ҳар яки моро зарур аст, барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он кўшиш ба харҷ диҳем.
Бо ин забон осори қофиласолори назм Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, шоирон Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ офарида шудаанд, ки бояд ифтихори ҳар як соҳибзабон бошад.
Дар робита ба ин, мо бояд барои гиромидошти забони модарӣ мунтазам саъю талош намоем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баланд бардорем ва забони тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дўст дорем.
Итминони комил дорам, ки бузургдошти Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шинохти асолати миллӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба ин рукни асосии давлатдории миллӣ нақши бориз хоҳад гузошт.
Рўзи забони давлатӣ муборак бошад!