Устодону омўзгорони арҷманд!
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо якшанбеи аввали моҳи октябр Рўзи омўзгорон бо тантана ва шукўҳи хоса таҷлил мегардад. Боиси ифтихор аст, ки имсол иди касбии омўзгорон ба рўзҳое рост омад, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.
Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман, рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия вобаста аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: "Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад".
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳанд. Ҳамчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли равон ба соҳаи маориф беш аз 1 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Рушди босуботи илму маориф ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳамрадиф намудани низоми таҳсилот омўзгорони моро муваззаф менамояд, ки ҷиҳати самаранок гардонидани сифати таълиму тарбия кўшиш ба харҷ диҳанд.
Омўзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори мо дар иҷрои рисолати касбии худ содиқ монда, дар таълиму тарбия ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Устодону омўзгорони соҳибтаҷрибаи мо дар озмунҳои бонуфузи касбии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихории "Мураббии соли Тоҷикистон" ва "Муаллими соли Тоҷикистон" мегарданд.
Итминони комил дорам, ки устодону омўзгорон бо масъулияти баланди касбӣ минбаъд низ барои дар руҳияи ватандўстиву худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намудани насли ояндасози миллат саъю талош меварзанд.
Бо камоли эҳтиром дар ин рўзҳои фараҳбахшу файзрези тирамоҳи заррин кулли омўзгоронро бо иди касбиашон аз самими дил табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рўзгори пурнишот ва дар фаъолияти пуршарафашон муваффақиятҳои беназир хоҳонам.