Фарорасии яке аз санаҳои муҳими таърихи миллат – солгарди ҷашни мубораку муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланди вилоят самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию осудагӣ, хонаи обод ва дар роҳи созандагию бунёдкории Ватани маҳбуб дастовардҳои назаррас орзу менамоям.
Истиқлолият неъмати бебаҳои таърих, мояи ифтихори ҳамагон, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории тоҷикон мебошад. Аз ин хотир, муҳим будани исиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дарк намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми ватандӯстона гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон таъкид менамоянд, ки: «Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад».
Дар вилоят бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат – 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтаанд. Ҳамзамон, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят барои бунёду азнавсозии наздик 12 ҳазор иншооти гуногун ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри ободӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона ҳисса мегузорем.
Мо аз он ифтихор мекунем, ки эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» омили муҳим дар амалигардонии талошҳои ҳукумати кишвар, ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ шуда истодааст.
Бовар дорам, ки мардуми соҳибмаърифату соҳибтамаддуни вилоят барои таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ саъю талош намуда, дар раванди бунёдкориву созандагӣ, пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми бориз мегузорад.
Бо чунин таманниёт бори дигар ҷашни бошукӯҳи миллат – рӯзи Истиқлоли давлатиро ба ҳар як сокини вилоят шодбош гуфта, ба хонадони онҳо ободию осоиш ва файзу баракат таманно дорам.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!