Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Донишҷӯёну хонандагони гиромӣ!
Дар остонаи ҷашни мубораки солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, хонандагону донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш –оғози соли таҳсили нав самимона табрику муборакбод мегӯям. Рӯзи дониш имсол дар марҳилае таҷлил мегардад, ки мардуми шукргузор аз сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо як ҷаҳон ифтихору саодат барои истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму талошҳои бунёдкорона омодагӣ мебинанд.
Тантанаҳои баргузории Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат қарор доштани илму маориф ва донишу маърифат мебошад, зеро маориф пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон бо он алоқаи ногусастаниву қавӣ дорад”.
Боиси таъкид аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат имрӯз дар қаламрави вилоят 944 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият бурда, дар таълиму тарбияи насли ояндасоз, тайёр намудани мутахассисони соҳибмалака ва рушди илм нақши муассир мегузоранд.
Амалӣ гардидани барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти таъмини пешрафту рушди маориф, сохта ба истифода додани иншооти гуногуни соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, иштирок ва ғолибияти устодон, омӯзгорону мураббиён ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмунҳои касбию фаннӣ ва қадршиносии онҳо аз ибтикороти самарабахши ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ мусоидат менамояд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар вилоят 566 иншооти соҳаи маориф барои беш аз 88 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 319 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоҳи аксари онҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд. Соли 2021 ва дар ҳафт моҳи соли 2022 дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 72 иншооти соҳаи маориф барои 17 ҳазору 674 ҷои нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”,“Илм –фурӯғи маърифат” ва озмуни нави “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” марҳилаи наверо барои вусъати фаъолияти ҷавонону наврасон боз намуда, доираи омӯзиш ва мутолиаи на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро густариши тоза мебахшад. Озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум ва дар навбати авввал наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостониии тоҷикон бештар тақвият ёбад.
Итминони комил дорам, ки устодону омӯзгорони масъулиятпеша ва соҳибиродаи мо анъанаи пешинаи гузаштагонро идома дода, наврасону ҷавононро, ки номбардорони фардои миллатанд, дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамоянд.
Бори дигар, ҳамаи устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни вилоятро ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил самимона табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият ва хониши хубу аъло таманно менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!