Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола  санаи 18-уми август иди касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Имсол ин санаи фархунда ба соли ҷашнҳои 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва  30-солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омад. 

Бо истифода аз фурсат, кулли кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии оммаи вилоятро сидқан табрику муборакбод гуфта, тансиҳатию хотирҷамъӣ, барори кор ва дар иҷрои рисолати касбӣ дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди олими номвари тоҷик, алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино, ки осори гаронбаҳояш ҳамчун ганҷинаи бебаҳои илм барои пешрафти соҳаи тандурустии тамоми олам хизмат мекунад, алоқамандии бевосита дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд”.

Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвари маҳбубамон ва аз ҷумла вилояти Суғд таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок  таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида,  ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.

Бунёди муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъмиру тармими биноҳои амалкунанда, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин намудани муассисаҳо, бахусус дар деҳот, аз вазифаҳои асосии роҳбарияти вилоят маҳсуб ёфта, маҳз дар заминаи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат пайваста амалӣ мегардад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки маблағгузории соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар панҷ соли охир ба андозаи 225,3 миллион сомонӣ афзуда, соли равон аз буҷаи вилоят ба соҳаи тандурустӣ 597,9 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Боиси зикр аст, ки соли равон  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатманд сохтмон, таъмир ва азнавсозии 152 муассисаи соҳаи тандурустӣ бомаром идома дорад.

Чунин таваҷҷуҳ ва зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, бунёди иншооти замонавии соҳа ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештари аҳолиро ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда боз ҳам беҳтар менамояд.

  Бовар дорам, ки кормандони муассисаҳои тибби вилоят минбаъд низ сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ тақвият бахшида, баҳри сиҳатии ҳар як сокини диёр ва рушди ҷомеаи солим хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Бори дигар, ҳамаи табибони ҳозиқро ба муносибати иди касбӣ шодбош гуфта, дар кору фаъолият бахту саодат ва файзу баракоти рӯзгор таманно дорам.

  Ид муборак, табибони арҷманд!