Сокинони сарбаланди вилоятро бо санаи сарнавиштсоз ва мубораку таърихии 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки нишони равшани эҳтиром ва арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ мебошад, сидқан шодбош мегӯям.
Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи навини кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, зеро дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, аз поён ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми Ватани маҳбубамон башорат дод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Созишномаро барои халқи Тоҷикистон «пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат” арзёбӣ намуда, дар мавриди арзишу аҳамияти ваҳдати миллӣ чунин таъкид месозанд: “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозию қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рў, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем”.