Фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ фаъол мешавад

Бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ (собиқ "Олимтекстайлз") ба кор андохта мешавад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин корхона иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои масъулин айни замон корҳои омодагӣ ва таҷдиду навсозии хатҳои технологӣ ҷараён дошта, дар мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта корхона фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мемонад. Дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику турк ният доранд, ки дар оянда маҳсулоти таёр истеҳсол намоянд. Дар фабрикаи ресандагӣ мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуда, аз ҳисоби корхона аз омӯзиш мегузаранд. Дар назар аст, ки 300 бо ҷойи корӣ ва маоши баланд таъмин шаванд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси соҳибкорони тоҷику туркро истиқбол карда, бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия таъкид кард, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода бурда шавад.

Гуфта шуд, ки Мастчоҳ аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилоят аст ва имкониятҳо барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ фаровон аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд