Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид карда, бо вазъи боғдориву нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ шинос гардид.

Зимни боздид аз Кооперативи истеҳсолии «Саховати Куруш» иттилоъ дода шуд, ки кооператив соли 2021 дар масоҳати 120 га таъсис ёфтааст. Соли 2022 дар майдони 5 га боғи мевадиҳандаи интенсивӣ, аз он ҷумла 4 га себ ва 1 га шафтолу шинонида шудааст.

Барои обёрии заминҳои мазкур аз ҳисоби соҳикори маҳаллӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ пойгоҳи хурди обкашӣ сохта шуд. Роҳбари кооперативи мазкур Адҳам Марипов буда, дар кооператив 30 нафар кормандони мавсимӣ кору фаъолият доранд.

Чуноне мушоҳида гардид, ниҳолҳои себу шафтолу нашъунамои хуб дошта, деҳқонон заминро пурсамар истифода менамоянд ва дар қатори миёни ниҳолҳо полезиҳо кишт шудааст.

Сипас, Раиси вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз майдони кишти пахта боздид карда, бо кишоварзон суҳбат анҷом дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд