Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии “Мирзочўл-1” ва “Мирзочўл-2”-и ноҳияи Зафаробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз пойгоҳҳои обкашии “Мирзочўл-1” ва “Мирзочўл-2”-и ноҳияи Зафаробод боздид намуда, бо вазъи таъминоти заминҳои кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ шинос гардид.

Дар ноҳияи Зафаробод беш аз 30 ҳазор гектар замини кишоварзӣ вуҷуд дошта, тамоми заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешавад. “Мирзочўл-1” пойгоҳи асосии обкашӣ буда, дорои 6 дастгоҳи баландфишори ба баландии 95 метр оббароранда буда, ҳар як дастгоҳи обкашӣ ба ҳаҷми 6 куб об мекашад ва оби худро ба пойгоҳи обкашии “Мирзочўл-2” ва канали ТМ-1 мепартояд.

Имсол кишоварзони ноҳия дар масоҳати наздик 14 ҳазор гектар пахта кишт намудаанд ва барои нашъунамои хуби он аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. 

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва ноҳия барои таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва сари вақт расонидани оби полезӣ ба кишоварзон дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд